Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тӯҳфа Фозилова дар аксҳо

Ҳунарпешаи маъруфи театру синамои тоҷик, Тӯҳфа Фозилова, рӯзи 25-уми апрел 105-сола шуд. Ӯ 68 сол умр дид ва дар ин муддат даҳҳо нақш иҷро кардааст. Модари ҳунарпешаи маъруф Марат Орифов аст.

Туҳфа Фозилова 25-уми апрели соли 1917 таваллуд шуда, корро дар Театри мусиқӣ-драмавии шаҳри Конибодом шуруъ кардааст. Сипас барои кор дар театрҳои ҷумҳурӣ ба Душанбе кӯчид.
Дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба ҳайси овозхон, дар Театри давлатии академию драмавии ба номи Лоҳутӣ ҳамчун ҳунарпеша кор кардааст. Дар филмҳои "Дохунда", "Зумрад", "Имрӯз ва доимо" нақш бозидааст.
Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии СССР буда, ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакиро гирифтааст.
Аксҳои зер аз солҳои гуногуни ҳаёти ҳунарпеша дар ҳалқаи наздикону ҳамкоронаш аз бойгонии оилаи Орифовҳо фароҳам шудаанд.


Бахшҳо

XS
SM
MD
LG