Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлаи интиҳорӣ дар Кобул нуҳ нафар кушта шуд. АКС

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки маргталабе, ки зоҳиран як вакили порлумонро ҳадаф дошт, бо инфиҷори мошини бомбгузоришуда дар Кобул 9 нафарро куштааст. Хон Муҳаммад Вардак, вакили порлумони Афғонистон дар ин ҳамла ҷон ба саломат бурд.

Масъуд Андаробӣ, вазири умури дохилии Афғонистон гуфт, ки дар ин ҳодиса 20 нафар маҷрӯҳ шудаанд, ки дар миёнашон Хон Муҳаммад Вардак низ ҳаст.
Ӯ саломатии вакили порлумонро хуб арзёбӣ кард.
Таркиш дар ҳоле рӯх дод, ки корвони мошинҳои ин вакили порлумони Афғонистон аз як чорроҳа убур мекарданд.
Ашраф Ғанӣ, президенти Афғонистон гуфт, ки “душманони Афғонистон ба Хон Муҳаммад Вардак ҳамлаи террористӣ анҷом доданд.”
Дар наворҳои телевизионҳои маҳаллӣ сӯхтану дуд кардани се мошин дида шуд.
Бо вуҷуди музокираи сулҳ миёни давлат ва гуруҳи Толибон дар Қатар хушунатҳо дар Афғонистон коҳиш наёфтааст.
Аз моҳи сентябр ба ин сӯ ҳукумат дар шаҳри Давҳаи Қатар бо Толибон музокироти сулҳ барпо кардааст, ки ҳадафаш хатми хушунатҳои даҳсола дар ин кишвар аст.
Дар таркиши бомба ва тирборон дар Кобул рӯзи 15-уми декабр ба камияш, се нафар, аз ҷумла муовини волии вилояти Кобул кушта, чандин каси дигар захмӣ шуда буд.
Вазорати корҳои дохилии Афғонистон рӯзи 19-уми декабр эълон кард, ки дар се моҳи ахир дар ҳамлаи ҷангиёни гуруҳи Толибон 487 нафар мулкӣ кушта ва 1,050 нафар захмӣ шудааст.
Ба қавли Вазорат, ин гуруҳ 35 ҳамлаи интиҳорӣ анҷом дода, 507 дастгоҳи таркандаи худсохтро истифода кардаанд.
Толибон инро рад карда, таблиғоти ҳукумат номидаанд.

Ёфтҳои бештар

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG