Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беваҳо, зиндониҳо ва боздоштшудаҳо: Тасвирҳо аз боқимондаҳои ДОИШ дар Сурия

Дар шимол-шарқи Сурия ҳазорон мард, зан ва кӯдак пас аз шикасти гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар зиндонҳо ва паноҳгоҳҳо ба сар мебаранд. ДОИШ як сол пеш дар ин минтақа ба шикаст рӯбарӯ шуд. Минтақаи шаҳри Қамилшӣ, ки асосан аз сӯи ниманизомиёни курд назорат мешавад, дар шикаст додани гурӯҳи "Давлати исломӣ" саҳми зиёд дошт. Онҳо замоне аз сӯи нерӯҳои ҳукумати мавриди ҳукумати Туркия бинобар далоили амниятӣ дар қисматҳое аз шимол-шарқи Сурия мустақар шуда буданд. Шумораи афроди боздоштшудаи гурӯҳи "Давлати исломӣ дар ин минтақа ҳудуди 10 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки аз панҷ як ҳиссаи онҳо аз кишварҳои аврупоӣ мебошанд. Мақомоти тоҷик ҳам мегӯянд, ки даҳҳо нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон низ дар ин паноҳгоҳҳо ҳастанд. Аксҳо аз хабаргузории "Рейтерз".


Ёфтҳои бештар

Шарҳҳоро бинед (2)

XS
SM
MD
LG