Соли 2025 ба ривояти аксҳо
Шуморе аз таъсиргузортарин лаҳзаҳо ва муҳимтарин рӯйдодҳои хабарӣ аз манотиқи таҳти пӯшиши Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон давоми соли ҷорӣ тавассути аксбардорон сабт шудааст.
1
Артем, сарбози украинӣ рӯзи 31 май дар маросими хайриявии "Қалбҳои шуҷоъ" дар Киев ҳамроҳ бо шарики худ Юлия мерақсад. Ин низомӣ дар шарҳи рақсидани худ ҳамчун фарде, ки дар ду пояш қатъ шудааст, гуфт, "аз як тараф хеле оддӣ аст, аммо аз тарафи дигар аз назари ҷисмӣ бисёр душвор аст. Бояд умед дошт, ҳадафи худро муайян кард, ба пеш ҳаракат кард ва бо амал нишон дод, ки ҳеч чиз ғайримумкин нест".
Акс аз Сергей Нужменко, аз бахши украинии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ.
Акс аз Сергей Нужменко, аз бахши украинии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ.
2
Як марди захмӣ дар Теҳрон дар 15 июн пас аз ҳамлаҳои Исроил ба пойтахти Эрон дар ҷараёни ончӣ баъдҳо бо "Ҷанги 12-рӯзаи Эрон ва Исроил" маъруф шуд.
Акс аз Маҷид Хоҳӣ, аз EPA.
Акс аз Маҷид Хоҳӣ, аз EPA.
3
Тасвирии моҳвораии гирифташуда дар 22 июн, ки паёмадҳои ҳамлаҳои Амрико ба таъсисоти ғанисозии ҳастаии Исфаҳон дар маркази Эронро нишон медиҳад. Акс аз AFP.
4
Арианит Кочи, вакили дифоъ, рӯзи 3 июл бо улоғ ё хар дар муқобили бинои порлумони Косово ҳозир шуд. Кочи чаҳор харро дар эътироз ба бунбасти сиёсии дарозмуддат дар ҳукумати Косово ба онҷо овард. Ӯ ба хабарнигорон гуфт, "харҳоро интихоб кардам, чун рамзи якравии намояндагони мо ҳастанд, онҳо дақиқан мисли харҳо рафтор мекунанд".
Акс аз Иброҳим Бериша, аз бахши Косовои Радиои Озодӣ.
Акс аз Иброҳим Бериша, аз бахши Косовои Радиои Озодӣ.