Муколамаи забонҳо ва фарҳангҳо дар Душанбе
Субҳи панҷшанбе 3-уми октябр дар Душанбе ҳамоиши 9-уми байналмилалии «Муколамаи забонҳо ва фарҳангҳои ИДМ ва СҲШ дар асри 21» ба кори худ шурӯъ кард. Масъули баргузории ин форум Донишгоҳи лингвистии Маскав дар ҳамкори бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Дар ин ҳамоиш донишмандон, мутахассисон ва донишҷӯёни донишгоҳҳои кишварҳои узви ИДМ, намояндагони мақомоти давлатӣ, ходимони дин, муассисаҳои диниву дунявии кишварҳои узв ширкат доранд. Интизор меравад, дар ин ҳамоиш мавзӯъҳои «Муаммоҳои ҳамкории давлат бо дин», «Ҳамгироии мактабҳои олии исломии кишварҳои узки ИДМ», «Низомҳои миллии таҳсилоти чандзинаӣ» «Муколамаи байни динҳо» ва «Омӯзиши забон дар муҳити чандқавмӣ ва гуногунмазҳабӣ» барррасӣ мешавад. Ин ҳамоиш ду рӯз - 3 ва 4 октябр - идома мекунад.
Бахшҳо
- Тоҷикистон
- Ҷаҳон
- Сиёсат
- Иқтисод
- Ҷавонон
- Фарҳанг
- Ҳамватан
- Варзиш
- Видео
- Блогистон
- Осиёи Марказӣ
- Ҷомeа
- Гузоришҳои радиоӣ
- Ҳодиса
- Назарҳо ва боварҳо
- Озодӣ Онлайн
- Баъд аз гузориши Озодӣ
- Гапи Озод
- Салом, хоҳар
- Рӯзгори муҳоҷир