Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ҳар сол синамобазми "Дидор" баргузор мекунад


Тоҷикистон ҳар сол синамобазми "Дидор" баргузор мекунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:09 0:00
Қарор аст минбаъд ҷашнвораи филми "Дидор" дар Тоҷикистон ҳамасола баргузор шавад. Синамобазми "Дидор" бори нахуст соли 2004 доир шуд ва сипас дар ду сол як маротиба баргузор мешуд. Дар соли ҷорӣ 57 филми мустанади сохти синамогарони тоҷик ва кишварҳои минтақа вориди рақобат мешаванд.

Ҷашнвораи филмҳои мустанади "Дидор" дар соли ҷорӣ аз 16-ум то 20-уми октябр дар толори Иттиҳоди синамогарони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Ин ҷашнвора соли ҷорӣ ба 90-умин солгарди пайдо шудани синамои тоҷик бахшида мешавад. Сармоягузори аслии ин синамобазм созмонҳои байналмилалии ёрирасон, аз ҷумла, Сандуқи Сорос ва Сандуқи ёрирасони Швейтсария мебошанд.

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG