Бунёд Раҳнамо шоҳҷоизаи "Фурӯғи субҳи доноӣ"-ро ба даст овард
Бунёд Раҳнамо, писари 16-солаи Абдуллоҳи Раҳнамо, корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ, ниҳоди вобаста ба раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, барандаи шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ" эълон шудааст. Ин озмун рӯзи 14-уми декабр дар Душанбе поён ёфт. Маблағи шоҳҷоиза 50 ҳазор сомонӣ, баробар ба беш аз 5 ҳазор доллари амрикоист. Дар озмун Муҳаммад Раҳнамо ва Шабеҳа Раҳнамо – фарзандони дигари Абдулло Раҳнамо – низ соҳиби ҷоиза шуданд. Якбора китобхонҳои беҳтарин дониста шудани се узви як оила дар озмуни ҷумҳуриявӣ боис ба пайдо шудани сарусадо ва шубҳаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ гардид. Бунёд Раҳнамо рӯзи 17-уми декабр гуфт, бо талошу ёрии модараш дар озмун иштирок карда, муваффақ шудаанд.
Бахшҳо
- Тоҷикистон
- Ҷаҳон
- Сиёсат
- Иқтисод
- Ҷавонон
- Фарҳанг
- Ҳамватан
- Варзиш
- Видео
- Блогистон
- Осиёи Марказӣ
- Ҷомeа
- Гузоришҳои радиоӣ
- Ҳодиса
- Назарҳо ва боварҳо
- Озодӣ Онлайн
- Баъд аз гузориши Озодӣ
- Гапи Озод
- Салом, хоҳар
- Рӯзгори муҳоҷир