Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наздики 300 мусофири тоҷик дар фурудгоҳи Бишкек дармондаанд


Наздики 300 мусофири тоҷик дар фурудгоҳи Бишкек дармондаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:06 0:00

Наздики 300 мусофири тоҷик дар фурудгоҳи Бишкек банд мондаанд. Ба қисме аз онҳо иҷозаи вуруд ба хоки Қирғизистон ва ба қисми дигар иҷозаи парвоз ба Русияро надодаанд.

Наздики 200 нафари дармонда онҳое ҳастанд, ки соати 23-и шаби 25-уми май аз Душанбе тариқи ҳавопаймои ширкати “Сомон эйр” вориди Бишкек шудаанд. Ҳудуди 100 тан аз мусофирони тоҷик, ки ҳоло дар минтақаи транзитӣ дармондаанд, бояд ба Русия парвоз мекардаанд.

Абубакр Шодиев, консули тоҷик дар Бишкек гуфт, ки бо мақомоти қирғиз дар ин бора суҳбат кардааст ва онҳо гуфтаанд, ки ҳавопаймо бояд ба Тоҷикистон пас гардад.

Ӯ гуфт, аз ин вазъ мақомоти тоҷик огоҳанд ва бо мақомоти қирғиз барои ҳали ин мушкил гуфтугӯ доранд.

Мақомоти қирғиз гуфтаанд, ки вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба хокки ин кишвар аз рӯзи 24-уми май манъ шудааст.

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG