Моҳи ноябри соли 2005, расо 15 сол пеш, ҷараёни ба ихтиёри посбонони тоҷик супурдани муҳофизати сарҳади 1300 километрии Тоҷикистону Афғонистон хотима ёфт. Сарҳадбонони тоҷик бори аввал мустақилона ба муҳофизати ин марзи тӯлонӣ, ноҳамвору пурпечутобу хатарнок ва осонгузар барои қочоқбарон шуруъ карданд. Дар ин муддат даҳҳо нафарашон дар ҷанг бо қочоқбарони маводи мухаддир ҳам кушта шудаанд. Марзҳову марзбонони тоҷику русро дар ин аксҳо бубинед.
Аз рафтани русҳову омадани тоҷикон ба марзи дарозу хатарнок 15 сол гузашт

1
Марзбонони рус дар он солҳо пайваста аз мусодираи садҳо килограм афюну ҳероин гузориш медоданд. Ин акси Итар Тасс аз рӯзи 6-уми августи соли 2004 аст.

2
Гаштзании сарбозони рус дар ноҳияи Панҷ дар назди як гӯшаи симхоркашидаи марзи 1300 километрии Тоҷикистону Афғонистон. Акс аз ИТАР ТАСС ва аз рӯзи 25-уми сентябри соли 2001 аст.

3
Инҷо заставаи 12-уми неруҳои марзбонии Русия буд, ки аз аввалинҳо шуда ба дасти посбонони тоҷик гузашт.

4
Нуралишо Назаров генерали бознишастаи тоҷик, ки раиси Неруҳои сарҳадбонии Тоҷикистон буд ва аз музокиракунандагони аслии ба ихтиёри тоҷикон додани сарҳад. Ӯ гуфта буд, ки "дар сарҳади Тоҷикистон бояд парчами Тоҷикистон парафшон бошад, на аз кишвари дигар".