Лавров дар Қоҳира вазъи Сурияро баррасӣ мекунад
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, рӯзи якшанбе дар шаҳри Қоҳира шеваҳои поён додан ба муноқиша дар Сурияро бо Набил ал-Арабӣ, раиси Лигаи Араб ва Ахзар Иброҳимӣ, фиристодаи хоси Созмони Милал баррасӣ кард. Сергей Лавров таъкид кард, ки бояд “тарафҳо дар Сурияро мутақоид кунанд, ки ҷангро хотима дода, сари мизи музокирот биншинанд.” Ӯ баъди мулоқот бо Ахзар Иброҳимӣ гуфт: “Мо бо онҳо дар чаҳорчӯби тааҳҳудоти Женева кор мекунем ва талош дорем, онҳоро мутақоид кунем, ки фавран ба хушунат хотима дода ва ба таъсиси ҳукумати гузор оғоз намоянд.” Сафари Сергей Лавров ба Ховари Миёна баъди он сурат мегирад, ки созиши оташбаси чаҳоррӯзаи рӯзҳои Иди Қурбон дар Сурия ҳеҷ натиҷае надод. Кишварҳои арабӣ Русияро барои он интиқод мекунанд, ки ба Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия дар саркӯби қиёмҳои мардумӣ ва ҷанг алайҳи шӯришиён, кӯмак мекунад. Ҳамзамон бо сафари Сергей Лавров дар Қоҳира, дар Қатар мулоқоти гурӯҳҳои парокандаи мухолифи давлат дар Сурия оғоз шуд. Видео: Reuters
Бахшҳо
- Тоҷикистон
- Ҷаҳон
- Сиёсат
- Иқтисод
- Ҷавонон
- Фарҳанг
- Ҳамватан
- Варзиш
- Видео
- Блогистон
- Осиёи Марказӣ
- Ҷомeа
- Гузоришҳои радиоӣ
- Ҳодиса
- Назарҳо ва боварҳо
- Озодӣ Онлайн
- Баъд аз гузориши Озодӣ
- Гапи Озод
- Салом, хоҳар
- Рӯзгори муҳоҷир